Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Ал-Ҷазира, Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон эълон кард: “Мо интиқоми ҳар қатра хуни рехташуда дар ҳамлаҳои Ҳиндро хоҳем гирифт.”
Вай афзуд: “Халабонони мо тамоми ҳамлаҳои Ҳиндро дафъ карданд ва маҳорати аъло нишон доданд. Нерӯҳои мо аз 240 миллион покистонӣ дифоъ карданд ва мо ба онҳо ифтихор мекунем.”
Сарвазири Покистон гуфт: “Ҳамлаҳои Ҳинд ғайриқобили тавҷеҳ аст. Ҳинд қонуни байналмилалиро поймол карда ва маншури Созмони Милали Муттаҳидро нақз кардааст. Кашмириҳо ҳаққи таъйини сарнавишти худро доранд.”
Шаҳбоз Шариф гуфт: “Мо аз терроризм бештарин осебро дидаем. Мо дар пайи поёни терроризм дар ҷаҳон ҳастем. Артиш ва миллат даст дар даст доранд ва буҳронҳо моро муттаҳид мекунад. Мо аз марг наметарсем ва омодаи ҷонфишонӣ ҳастем.”
342/
Your Comment